Дар ИМА мутахассисони тоҷик оид ба масоили сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия таҷриба меомӯзанд

Date:



           

Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз оғози татбиқи барномаи махсуси таҷрибаомӯзиҳои корӣ таҳти унвони «


SABIT


» хабар дод.





           

Тавре аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, барнома бо мақсади шиносоии мутахассисон бо фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар бахши сарфаи энергия, танзими кори ин соҳа, роҳандозии муносиботи кории тарафайн, мизони хизматрасонӣ, фаъолияти молиявӣ ва тарзи пешбурди фаъолияти соҳа дар шароити иқтисоди бозорӣ амалӣ мегардад.




           

Ба иттилои манбаъ, таҷрибаомӯзии чорҳафтаина аз як ҳафтаи машғулиятҳои назариявӣ ва се ҳафтаи машғулиятҳои амалӣ иборат буда, моҳҳои феврал-марти соли 2009 доир мегардад. «Мутахассисон бевосита бо фаъолияти ширкатҳо ва иттиҳодияҳои Амрико оид ба сарфаи энергия аз наздик ошно хоҳанд гашт», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти сафар, будубош ва таҷрибаомӯзии мутахассисонро ҳукумати Амрико ба ӯҳдаи худ мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...