Вазорати мудофиа: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ пеш аз мӯҳлат иҷро мешавад

Date:


Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумхурӣ то имрӯз 96 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи кишвар – Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.




Мавсуф иҷро шудани нақшаи “Тирамоҳ-2008”-ро пеш аз мӯҳлат аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, вилояти Хатлон нахустин шуда, аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ хабар дод. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи маърака ба андозаи 87 дарсад, дар ноҳияҳои тобеъи марказ 95 фоиз, вилояти Суғд 92 ва шаҳри Душанбе 95 фисад иҷро гардидааст.



Дар вазорати дифоъи кишвар мутмаинанд, ки то рӯзҳои 25-26-уми ноябр нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар миқёси ҷумҳурӣ комилан ба иҷро хоҳад расид. Ёдовар мешавем, маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар 1-уми октябр оғоз гардида буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...