Ифтитоҳи бинои барқароршудаи ДДТТ

Date:



 

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои аз нав барқароршудаи Донишгоҳи давалатии тиббии Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. Бинои донишгоҳ ахири соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гардида буд.




Тавре сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Исломиддин Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маросими ифтитоҳ сарвари давлат бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот хоҳад кард.

 




Ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии бино ҳукумати ҷумҳурӣ 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Дар кори таҷдиду барқарорсозии бино ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос», «Сомон сохтмон», вазорати тандурустӣ ва донишҷӯёни ин донишгоҳ саҳми назаррас гузоштанд. Барои таъмини бинои донишгоҳ бо техникаву таҷҳизот ҳукуматҳои Ҳиндустону Туркия ва Чин ҳар кадоме чун кӯмак 100 ҳазор долларӣ маблағ ҷудо карданд.



Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми декабри соли гузашта бар асари сар задани сӯхтор беш аз 9 ҳазор метри мураббаъи бинои асосии донишгоҳ хароб гардида буд. Осори олимон ва дигар китобҳои китобхонаи донишгоҳ аз сӯхтор эмин монданд. Бинои мазкур соли 1939 сохта шуда, яке аз биноҳои қадими шаҳр маҳсуб мегардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...