Ифтитоҳи бинои барқароршудаи ДДТТ

  Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои аз нав барқароршудаи Донишгоҳи давалатии тиббии Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. Бинои донишгоҳ ахири соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гардида буд. Тавре сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Исломиддин Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маросими […]

Мавҷуда Ҳасанова



 

Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои аз нав барқароршудаи Донишгоҳи давалатии тиббии Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. Бинои донишгоҳ ахири соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гардида буд.




Тавре сардори шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Исломиддин Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз маросими ифтитоҳ сарвари давлат бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот хоҳад кард.

 




Ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии бино ҳукумати ҷумҳурӣ 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Дар кори таҷдиду барқарорсозии бино ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос», «Сомон сохтмон», вазорати тандурустӣ ва донишҷӯёни ин донишгоҳ саҳми назаррас гузоштанд. Барои таъмини бинои донишгоҳ бо техникаву таҷҳизот ҳукуматҳои Ҳиндустону Туркия ва Чин ҳар кадоме чун кӯмак 100 ҳазор долларӣ маблағ ҷудо карданд.



Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми декабри соли гузашта бар асари сар задани сӯхтор беш аз 9 ҳазор метри мураббаъи бинои асосии донишгоҳ хароб гардида буд. Осори олимон ва дигар китобҳои китобхонаи донишгоҳ аз сӯхтор эмин монданд. Бинои мазкур соли 1939 сохта шуда, яке аз биноҳои қадими шаҳр маҳсуб мегардид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.