Ширкати «Tethys Petroleum» корҳои таҷдиди фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро ба анҷом мерасонад

Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» корҳои таҷдиди фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, ба анҷом мерасонад. Тавре аз намояндагии ширкат дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ду чоҳи ин кон корҳо босуръат идома доранд ва ба наздикӣ истихроҷи аввалин метрҳои мукааби […]

Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» корҳои таҷдиди фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, ба анҷом мерасонад.




Тавре аз намояндагии ширкат дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ду чоҳи ин кон корҳо босуръат идома доранд ва ба наздикӣ истихроҷи аввалин метрҳои мукааби гази табиӣ шурӯъ хоҳад шуд. «Интизор меравад, ки аз як чоҳи кон то 5-10 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ хоҳад шуд, ки он аҳолии як маҳаллаи начандон бузурги аҳолинишинро бо гази табиӣ таъмин карда метавонад ва адади чунин чоҳҳо дар кони «Комсомол-180» 18-то аст», – таъкид сохт манбаъ.



Қобили зикр аст, ки қаблан раиси ширкат Дэвид Робсон дар як мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки ширкат ният дорад, то ахири сол яке аз ноҳияҳои ҷумҳуриро бо газ таъмин созад.



Ёдовар мешавем, ки кони мазкур соли 1953 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, захираи он 2,5 млрд метри мукааб газ арзёбӣ гардида буд. Ширкати мазкур барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истихроҷи газу нафт дар 56 майдони пешбинишудаи нафту газдори ҷумҳурӣ иҷозатнома гирифтааст. Ширкат ба ҷуз кашфи конҳои тоза, инчунин ӯҳдадор шудааст, ки фаъолияти конҳои кӯҳнаро низ барқарор созад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.