Додситонии кулли Русия баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯиро нисбати Д.Атовуллоев манъ кард

            Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Расонаи хабарии «Фергана.Ру» иттилоъ медиҳад, ки додситонии кулли Русия ба дархости президенти Бунёди дифоъи ошкорбаёнӣ Алексей Симонов ва президенти Маркази русии ПЕН Андрей Бутов посух додааст.             Бо истинод ба намояндаи додситонии кулли Русия расонаи хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки «феълан дар мақомоти дахлдори додситонии Русия оид ба боздошт […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Расонаи хабарии «Фергана.Ру» иттилоъ медиҳад, ки додситонии кулли Русия ба дархости президенти Бунёди дифоъи ошкорбаёнӣ Алексей Симонов ва президенти Маркази русии ПЕН Андрей Бутов посух додааст.





           

Бо истинод ба намояндаи додситонии кулли Русия расонаи хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки «феълан дар мақомоти дахлдори додситонии Русия оид ба боздошт ва истирдоди Д.Атовуллоев ба Тоҷикистон ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ё маҳкум намудан дархост мавҷуд нест».




           

Гуфта мешавад, ки ҳанӯз соли 2001 Додситонии кулли Русия оид ба истирдоди Д.Атовуллоев ба додситонии кулли Тоҷикистон ҷавоби рад дода буд ва ба Департаменти ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Русия супориш дода шуда буд, ки баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯиро нисбати Д.Атовуллоев манъ намояд. «Дар сурати ворид гаштани дархост аз ҷониби Тоҷикистон умедворем, ки қарори соли 2001 қабулгардида бекор нахоҳад шуд», – гуфта мешавад дар посух.




           

Дар додситонии кулли ҷумҳурӣ аз додани иттилоот доир ба ин мавзӯъ худдорӣ карданд. Аз Бунёди дифоъи ошкорбаёнӣ тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки 24-уми сентябр ба маъмурияти президенти Русия изҳороти Симонов ва Битов ирсол гардид, ки дар он «оид ба мавриди таъқиб қарор гирифтани рӯзномнигори маъруфи тоҷик изҳори нигаронӣ карда шудааст». Дар изҳорот боисрор талаб карда шудааст, ки бояд ба Д.Атовуллоев «ё паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад ва ё имконот фароҳам оварда шавад, ки ба дигар кишваре биравад, то ба ҳаёту кораш чизе таҳдид накунад».




           

Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ бо пешниҳоди Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ додситонии кулли Тоҷикистон тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нисбат ба муассиси газетаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон газетаи «Чароғи рӯз» дар хориҷи кишвар нашр шуда, муассиси он дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.