ЮНЕСКО ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонанд

Date:



            

Душанбе. 28-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Бунёди мазкур – Александр Калугин хабар дод, зери ин санад сарвари кулли ЮНЕСКО – Коитиро Масуура ва раиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон – Жансеит Туймебоев имзо хоҳанд гузошт. «То охири соли ҷорӣ бо дастгирии Бунёд, дар маҷмӯъ 70 лоиҳа бояд татбиқ шавад», – мегӯяд Калугин.



Татбиқи қариб 60 лоиҳа аллакай ба анҷом расидааст. Анҷумани 3-юми эҷодкорону олимон дар Душанбе, сафари ҳунарии аввалин оркестри ҷавонони ИДМ, давраҳои омӯзишии олимони ҷавон, бозиҳои байналмилалии варзишии кишварҳои узви Иттиҳод дар Кишинёв, озмуни сарояндагони ҷавони «Панҷ ситора. Интервидиние» аз ҷумлаи онҳоянд. Тасвиби ёддошти тафоҳум барои рушди ҳамкориҳо миёни ЮНИСЕФ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ имкониятҳои бештар медиҳанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related