Дар пойтахти Яман – шаҳри Санъо Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода мешавад

Date:





Душанбе




. 2-




юми








декабр





– Ҳ





айати








Тоҷикистон








дар








Ҷумҳурии








Яман








бо








мақомоти








ин








кишвар








як








қатор








мулоқоти








расмӣ








анҷом








дод




.














Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сипас дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва

 

Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд.









Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади расмӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо,

 

илму техника, фарҳанг, маориф ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо расид ва заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад.









Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки

 

робитаи

 

мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим бе миёнарав ба роҳ монда шавад.









Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ қарор намуданд, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санъо пойтахти

 

Ҷумҳурии Яман кушода шавад. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ изҳор дошт, ки

 

барои ҷудо намудани бино ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ дастур мефармояд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Яман Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (Парлумони) Ҷумҳурии Яман Абдулазиз Абдулғанӣ ва бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар мулоқотҳои судбахш анҷом дод.









Зимни сафари расмии худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ин кишвари афсонавӣ дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд.




Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...