Украина ва Тоҷикистон 8 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Date:


Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари давлатии серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина аз пагоҳ шурӯъ мешавад.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблиро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ғайр аз ин, сарони кишварҳо аз ҷараёни иҷрои Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009» натиҷагирӣ намуда, перомуни масоили муҳими амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор хоҳанд кард. «Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири ин кишвар Юлия Тимошенко дар назар аст», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздид имзои 8 санади байнидавлатӣ, аз қабили Изҳороти муштараки сарони кишварҳо, Созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, сайёҳиву сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахши кишоварзӣ, Созишномаи ҳамкорӣ

 

миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киеви ба номи Тарас Шевченко ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни давлатҳо то соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз шаҳри Киев, ҷиҳати баррасии масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз шаҳрҳои Лвов ва Харкови ин кишвар низ боздид хоҳад кард. «Аз ҷумла, дар Харков сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти ҶСК «Турбоатом», ки минбаъд чун таъминкунандаи таҷҳизоти гидротехникӣ ба нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ мешавад, аз наздик шинос хоҳад гашт», – афзуд манбаъ. Сафари президенти Тоҷикистон ба Украина то 5-уми декабр идома хоҳад ёфт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...