Мусодираи беш аз 500 кило маводи мухаддир

Date:



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни амалиёти махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз ним тонна маводи

 

мухаддир мусодира гардид, ки соли равон ин миқдор аз ҳама зиёдтарин аст.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои азназаргузаронӣ автомашинаи боркаши навъи ЗИЛ-130 нигаҳ дошта мешавад. «Ҳангоми азназаргузаронӣ дар автомашина пинҳонгоҳҳо бо 557,9 кило маводи мухаддир ошкор мешаванд, ки беш аз 530 килои он ҳашиш буда, 27,8 килои онро ҳероин ташкил медиҳад.




           

Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини боркаш – сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҳир Азизхонови 40-сола боздошт шудааст. Тибқи маълумоти манбаъ, боздоштшуда қаблан низ барои чунин аъмол маҳкум шуда будааст.




           

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад ва акнун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи муайян кардани ҳамроҳони боздоштшуда ва суроғаи ирсоли бор мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...