Мусодираи беш аз 500 кило маводи мухаддир

            Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни амалиёти махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз ним тонна маводи   мухаддир мусодира гардид, ки соли равон ин миқдор аз ҳама зиёдтарин аст.             Тавре аз Вазорати умури дохилии кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои азназаргузаронӣ автомашинаи боркаши навъи ЗИЛ-130 […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни амалиёти махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ беш аз ним тонна маводи

 

мухаддир мусодира гардид, ки соли равон ин миқдор аз ҳама зиёдтарин аст.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои азназаргузаронӣ автомашинаи боркаши навъи ЗИЛ-130 нигаҳ дошта мешавад. «Ҳангоми азназаргузаронӣ дар автомашина пинҳонгоҳҳо бо 557,9 кило маводи мухаддир ошкор мешаванд, ки беш аз 530 килои он ҳашиш буда, 27,8 килои онро ҳероин ташкил медиҳад.




           

Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини боркаш – сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҳир Азизхонови 40-сола боздошт шудааст. Тибқи маълумоти манбаъ, боздоштшуда қаблан низ барои чунин аъмол маҳкум шуда будааст.




           

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад ва акнун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи муайян кардани ҳамроҳони боздоштшуда ва суроғаи ирсоли бор мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.