Э.Раҳмон қабри бародарашро зиёрат кард

Date:


Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Украина дар шаҳри Лвов қабри бародараш – Файзалӣ Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудааст, зиёрат намуд.




Ба иттилои нашрияи интернетии


zaxid


.


net


, президенти Тоҷикистон ба толибилмони гимназияи маҳаллӣ, ки қабрро нигоҳубин мекунанд, телевизор ва ду компютер тақдим кард. Президенти Тоҷикистон қабри бародарашро дар Лвов маротибаи дуввум зиёрат мекунад. Бори аввал ӯ дар ин ҷо соли 2001 ҳузур дошт.



Тибқи иттилои нашрия, дар мулоқот бо намояндагони ҳокимияти давлатии Лвов президенти Тоҷикистон аз онҳо даъват ба амал овардааст, ки дар тендерҳои сохтмонии иншоот дар Тоҷикистон иштирок намоянд. Э.Раҳмон ба харидани маҳсулоти мошинсозӣ ва афзоиши ҳаҷми тарнзит тавассути Украина мароқ зоҳир сохтааст.



Нимаи дуввуми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Киев шуд. Имрӯз дар пойтахти Украина дидору гуфтушуниди як ба яки сарони давлатҳо ва ҳайатҳои кишварҳо доир мегардад. Д


ар поёни вохӯрӣ сарони давлатҳо ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд. Зимнан Виктор Юшенко Эмомали Раҳмонро бо ордени шоҳзода Ярославли Хирадманд дараҷаи 1 ва аз сӯи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои украиниашро бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз мегардонанд.



           Ёдрас мекунем, ки сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблӣ ва Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009»-ро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар ҷараёни сафари давлатӣ ба имзо расидани ҳашт санади ҳамкории байнидавлатӣ дар назар аст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз шаҳри Киев, ҷиҳати баррасии масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз шаҳри Харкови ин кишвар низ боздид хоҳад кард. Аз ҷумла, дар Харков сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти ҶСК «Турбоатом», ки минбаъд чун таъминкунандаи таҷҳизоти гидротехникӣ ба нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ мешавад, аз наздик шинос хоҳад гашт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...