Имрӯз дар Ҳайати мушовараи ҷумҳуриявии адвокатҳо маросими ифтитоҳи маркази захираи маълумот баргузор мешавад

Date:



           

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Ҳайати мушовараи ҷумҳуриявии адвокатҳо маросими ифтитоҳи маркази захираи маълумот баргузор мешавад.





           

Тавре Нигина Алиева, ёвари масоили марбут ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маркази захираи маълумот дар қатори имконоту хизматрасониҳои дигар, дастрасӣ ба заминаи қонунгузории маълумот низ таъмин карда мешавад.




           

Ба қавли ӯ, марказ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико бо дастгирии молиявии Шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи сафорати Амрико ташкил карда шуд. «Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико ва Ҳайати мушовараи ҷумҳуриявии адвокатҳои Тоҷикистон доир хоҳад гашт», – афзуд Н.Алиева.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...