Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷараёни вуруди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо имрӯз дар конфронси минтақавии «Рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо», ки дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад гашт, баррасӣ мешавад.
Дар ҳамоиши мазкур муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон Зӯҳриддин Кенҷаев ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар меҳвари мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ, ислоҳоти низоми техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ қарор хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем ахири ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар бо директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами вохӯрӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз баррасӣ гардид.


