Вазорати молия барои пардохти изофапулӣ ба нафақаи собиқ кормандони мақомоти қудратӣ маблағ намеёбад

Дата:



           

Душанбе. 6-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз он ки бо фармони президенти Тоҷикистон аз 20-уми июни соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ аз 1-уми июли соли 2008 ба андозаи 40 дарсад зиёд карда шуд, собиқ кормандони мқомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳанӯз ин изофапулиро гирифта наметавонанд.





           

Тавре яке аз собиқ корманди мақомот дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҷиҳати ҳалли ин масъала ӯ ва чанде аз ҳамтоёнаш ба вазорати молия муроҷиат кардаанд. «Якуним моҳ қабл вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов ваъда дод, ки дар тӯли як ҳафта ин масъала ҳал хоҳад шуд, вале он то ҳанӯз ҳал нашудааст», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, сардори департаменти буҷаи давлатӣ Нарзулло Ҳабибуллоев мегӯяд, ки айни замон масъалаи мазкур бори дуввум дар ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва ворид сохтани баъзе тағйироту иловаҳо ба фармони марбута аз эҳтимол дур нест. «Вазорати молия барои пардохти нафақаки қариб ду баробар афзудаи собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маблағ ёфта наметавонад ва ба ҳукумаит пешниҳод кард, ки ба баъзе аз бандҳои ин қонун тағйирот ворид гардад», – гуфт ӯ.




 


          

Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков зикр кард, ки аз рӯзи ба имзо расидани фармони президент он бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор иҷро гардад. «Масъулият ба дӯши мақомот вогузор карда мешавад», – гуфт ӯ.




 

 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное