Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Date:


Душанбе. 8-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз, 8-уми декабр мардуми мусалмони ҷумҳурӣ аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил мекунанд.




Тавре аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соати 9-и субҳи имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид шурӯъ мегардад.



Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.



Дар паёми табрикии худ ба мунсибаи таҷлили Иди Қурбон президенти мамлакат аҳамияти бузурги ин идро барои мардуми мусалмон таъкид карда, изҳор дошт, ки имсол беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карда, дар ин рӯзҳо маросими ҳаҷро адо карда истодаанд.



«Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкории диёри худ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан ҷавонон нақши арзанда мегузоранд», – гуфт сарвари давлат.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...