Дар Душанбе ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир донишҷӯён боздошт шуданд

Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар донишҷӯро боздошт намуданд. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузарони чизҳои шахсии донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 9 килову 6896 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар донишҷӯро боздошт намуданд.




Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузарони чизҳои шахсии донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 9 килову


6896 грамм

маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.



Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон рӯз донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ин муомилоти ғайриқонунӣ ӯ ҳам даст доштааст, боздошт гардид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои ҷустуҷӯи дигар ашхоси дастдошта дар ин ҷиноят идома доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.