Саридораи геология: Кӯҳҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи кушоди омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ мебошанд

            Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иттилои қаблан додаи тобеъони худро дар мавриди таҷлил нагардидани Рӯзи байнулмилалии кӯҳ дар Тоҷикистон рад намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯз Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day) ҷашн […]

Фирдавс Муртазоев


            Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим иттилои қаблан додаи тобеъони худро дар мавриди таҷлил нагардидани Рӯзи байнулмилалии кӯҳ дар Тоҷикистон рад намуда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯз Рӯзи байнулмилалии кӯҳ (International Mountain Day) ҷашн гирифта шуд. Ин сана соли 2003 бо қарори иҷлосияи 57-уми Асссамблеяи генералии СММ таъин гардида буд.




Ба қавли ӯ, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва маҳз онҳо озмоишгоҳи кушоди омӯзиши ҷинсҳои кӯҳӣ, макони будубоши ҳайвоноту набототи нодир ва сарчашмаи оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар шуморида мешаванд. «Айни замон мо бо ташкилоти байнулмилалӣ ҷиҳати омӯзишу таҳқиқоти пиряхҳои мавҷуда дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ гуфтушунид дорем», – зикр кард ӯ.



Дар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ муҳимияти махсуси масъалаи таъмини рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъкид шудааст. Ассамблеяи генералӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ин рӯз бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳамияти рушди устувори минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон дар ҳама сатҳҳо чорабиниҳо ташкил намоянд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.