Душанбе. 13-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар Тоҷикистон аз 552 ҳазор тоннаи мувофиқи нақша пешбинишуда 349 ҳазору 22 тонна ё худ баробари 63,2 дарсад ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардид. Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ маъракаи ҷамоварии пахта дар ҷумҳурӣ ба анҷом расид.
Тавре сардори шӯъбаи зироати ғалладона ва техникии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Муҳаммадӣ Ормонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, коҳиши 40 дарсади нархи нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул метавонад ба истеҳсолкунандагони ватанӣ таъсири манфӣ дошта бошад.
Ба қавли ӯ, барои пешгирии чунин таъсири манфӣ зарурат пеш омадааст, ки коркарди пурраи пахта дар дохилӣ ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад. «Сарвари давлат супориш дод, ки дар зарфи 2-3 сол то 80 дарсади коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар роҳандозӣ гардад ва бо амалӣ гаштани ин иқдом дар дохили худи ҷумҳурӣ харидор пайдо гашта, нархи фурӯши маҳсулот ба хориҷ 2-3 баробар зиёд хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Дар посух ба суол дар мавриди коҳиши нархи ҷаҳонии нахи пахта ва ба ин иллат кам кардани масоҳати заминҳои кишти пунбадона, номбурда зикр кард, ки пахта барои Тоҷикистон зироати стратегӣ боқӣ хоҳад монд ва кам кардани заминҳои кишт пешбинӣ нашудааст. «Заминҳои кишти пахтаро метавон барои кишти гандум истифода намуд, вале хароҷоти он нисбат ба нархи содиротии гандум зиёдтар мешавад, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин рӯ, барои мо хубтар аст, ки пахта кишт карда, аз маблағи фурӯши он ба ҷумҳурӣ гандум ворид созем».
Дар мавриди таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои пахтакор М.Ормонов зикр кард, ки ҷиҳати пешгирии хисороти молии кишоварзон Вазорати кишоварзӣ пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби давлат барои харидани пахта аз деҳқонон маблағҳо ҷудо карда шавад. «Мутахассисони вазорат муайян карданд, ки нархи миёна барои як тонна нахи пахта 600-700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, вале бояд дар назар дошт, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар, хоҷагиҳои пахтакор дар фурӯши маҳслоти худ озоданд», – афзуд намояндаи вазорати кишоварзӣ.
Мувофиқи маълумоти биржаи молу ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде қабл нархи 1 тонна нахи пахта дар биржаи пахтаи Ливерпул 1 ҳазору 223 доллари амрикоиро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки 3-4 моҳ пештар он ба 1 ҳазору 800 доллари ИМА баробар буд. Нарх ба нахи пахтаи маҳиннах бетағйир – 1 ҳазору 620 доллари ИМА барои як тонна боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ миқдори содироти нахи пахта дар ҳаҷми умумии молҳои содиротӣ 7,2 дарсадро ташкил дода, он дар ҳаҷми 67 ҳазор тонна ба маблағи $89,5 млн. ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра нархи миёнаи нахи пахта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $221 афзуда, $1 ҳазору 336 барои 1 тоннаро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, аз биржаи молу ашёи хоми ҷумҳурӣ хабар доданд, ки моҳи ахир пахтаи Тоҷикистон тавассути ин биржа ба хориҷи кишвар содирот нашудааст ва ба василаи роҳҳои дигар миқдори начандон зиёд ба фурӯш рафтааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тухми пунбадона дар майдони 254 ҳазору
279 га
кишт шуда, 419 ҳазору 597 тонна ё худ 76,3 дарсад ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Соли равон бошад, дар масоҳати 253 ҳазор га кишти пунбадона гузаронида шуда, тибқи нақша ба даст овардани 552,2 ҳазор тонна ҳосили пахта пешбинӣ гардида буд. Соли оянда кишти ин зироати муҳими стратегӣ дар майдони 250 ҳазор га ба нақша гирифта шудааст.



