Ш.Салимзода: Тӯли ду сол дар ҳама сохтор, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳодисаҳои марбут ба коррупсия ошкор гардид

Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Таҷрибаи   мамлакатҳои   Аврупо   ва   Осиёи   Марказӣ    дар   бобати   истифодаи   агентиҳои   махсуси мубориза ба   муқобили   ришвахӯрӣ» директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода қайд кард, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Таҷрибаи

 

мамлакатҳои

 

Аврупо

 

ва

 

Осиёи

 

Марказӣ

  

дар

 

бобати

 

истифодаи

 

агентиҳои

 

махсуси мубориза ба

 

муқобили

 

ришвахӯрӣ» директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода қайд кард, ки бояд ҳамаи мансабдорони давлатӣ таҳти назорату санҷиш қарор дошта бошанд.




Ба гуфтаи ӯ, тӯли ду соли фаъолият дар ҳама сохторҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳодисаҳои марбут ба коррупсия ошкор гардиданд. «Масалан, ҳангоми гирифтани пора мо муфаттиши додситонии куллро боздошт намудем», – гуфт ӯ.



Дар кори мизи мудаввар ҳамучунин намояндагони мақомоти зиддифасоди кишвари Литва низ ширкат варзида, оид ба таҷрибаи хеш дар ин росто ҳарф заданд. Зудрунас Барткус, корманди Хадамоти тафтишоти махсуси Литва изҳор дошт, ки мақомоти онҳо муддати 11 сол аст, ки фаъолият дорад, вале ягон дафъа дар мақомоти олии ҳокимият ҳодисаҳои коррупсиониро ошкор кардан муяссар нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф кард, ки ваколатҳои агентии зиддифасоди Тоҷикистон нисбат ба хадамоти онҳо хеле васеъ аст. «Аз ин рӯ, натиҷаҳои кори агентӣ низ бояд пурсамартар бошанд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.