Дар Кӯлоб орд арзон шуд, вале арзиши хизматрасонии нақлиёт боло рафт

            Кӯлоб. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб як халтаи 50-килограммаи ордро ба 100 сомонӣ харидан мумкин аст ва ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар арзиши он 10-15 сомонӣ бештар буд.             Тавре коршиносони маҳаллӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, коҳиши арзиши орд ба кам шудани арзиши маводи сӯзишворӣ, […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб як халтаи 50-килограммаи ордро ба 100 сомонӣ харидан мумкин аст ва ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар арзиши он 10-15 сомонӣ бештар буд.





           

Тавре коршиносони маҳаллӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, коҳиши арзиши орд ба кам шудани арзиши маводи сӯзишворӣ, афзоиши воридоти орд аз Қазоқистон ва беҳтар шудани фаъолияти комбинати истеҳсоли маҳсулоти ордии шаҳр марбут аст.




           

Сарвари корхонаи мазкур Абдусалом Грезов мегӯяд, ки ҳукумати Қазоқистон бо истеҳсолкунандагони зироати ғалладонаи кишвар бобати харидории 2000 тонна маҳсулот шартнома ба тасвиб расонидааст. «Аз ин миқдор дар корхона орд тайёр карда шуда, он бо арзиши 86 сомонӣ барои як халта орд ба фурӯш бароварда мешавад», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, коҳиши нархи маводи сӯзишворӣ ба арзиши хизматрасонии нақлиёт ҳеҷ таъсире нагузоштааст. Ҳарчанд нархи бензин поин рафта бошад ҳам, вале арзиши равуо дар нақлиёт мисли пешин боқӣ мондааст ва гузашта аз ин, қимат ҳам шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.