Кӯлоб. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар деҳаи Лағмони ноҳияи Кӯлоб осиёбӣ обӣ бо иқтидори коркарди то 4 як тонна гандум дар як шабонарӯз ба кор даромад.
Тавре раиси ҷамоати Кӯлоби ноҳия Зайиддин Олимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин осиёб 25 сол пештар ҳамагӣ 260 хонаводаи деҳаи Лағмон истифода мебурданду халос. «Акнун аз деҳаҳои дигари ҷамоат низ аҳолӣ барои истеҳсоли орд ба ин осиёб гандум меоранд», – гуфт ӯ.
Ба қавли З.Олимов, дар мавсими тирамоҳу зимистон ба иллати норасоии барқ имкони истифодаи ду осиёби барқӣ хеле кам мешавад. «Аз ин рӯ, зарур донистем, ки осиёби мазкурро аз нав барқарор сохта, иқтидори истеҳсолии онро зиёдтар намоем», – изҳор дошт раиси ҷамоат.
Номбурда афзуд, ки дар сохтмони осиёб саҳми иттиҳодияи ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб назаррас аст.



