Комиссияи Аврупо барои рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон беш аз 423 ҳазор евро ҷудо кард

Дата:



           

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо барои рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон беш аз 423 ҳазор евро ҷудо кард.





           

Тавре аз Намояндагии комиссия дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи рушди ҷамоатҳои минтақаи кӯҳистони Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадаф аз он – таҳкиму густариши рушди иқтисодии соҳибкории хурду миёна тавассути иштироки ташкилотҳои пуштибон аз тиҷорат аст.




           

Ба иттилои манбаъ, татбиқи иқдомоти лоиҳа ба баланд бардоштани малака ва сатҳи салоҳиятнокии ташкилотҳои пуштибон аз тиҷорати Тоҷикистон нигаронида шуда, ба ҳамгиройӣ ва таҳкими ҳамкорӣ миёни корхонаҳои соҳибкории хурду миёнаи Аврупо ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.


Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное