Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо ҳайати Эрон таҳти сарварии Ризо Саидӣ, сарвари иҷроияи ширкати дорусозии «Arvin Arman» дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи дорусозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Эрон ба Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои муштарак бо ширкатҳои дорусозии Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ ташриф овардааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Р.Саидӣ изҳор доштааст, ки ширкати онҳо аз кишварҳои Аврупо маҳсулоти доруворӣ ворид месозад ва онҳо ният доранд дар Тоҷикистон низ фаъолияти худро ба роҳ монанд. «Қаблан дар ин хусус бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд», – гуфтааст ӯ.
Дар навбати худ, Ш.Саид талаботи мавҷуда ҷиҳати таъмини кишвар бо маҳсулоти дорувории аврупоӣ ва технологияи истеҳсоли онро аз Аврупо таъкид сохта, баён доштааст, ки пешниҳоди ширкати эронӣ бояд мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони ин соҳа қарор гирад. Ш.Саид аз ҳайати эронӣ даъват ба амал овардааст, ки барои муаррифии маҳсулот ва роҳандозии ҳамкориҳо бо шарикони тоҷикистонӣ дар намоишгоҳҳои ҳамасолаи «Тандурустӣ» дар Тоҷикистон иштирок намоянд.





