Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз $4 млрд. 300 миллионро ташкил дод

Date:


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ беш аз 4 млрд. 300 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 дарсад зиёдтар аст.

 







Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, он ба $1млрд. 640 миллион баробар шудааст.



Содироти мол ба $1 млрд. 330 млн. млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад коҳиш ёфтааст.



Воридоти мол $2 млрд. 970 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2007

 

ба андозаи 0,8 дарсад афзудааст.



Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 85 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт.



Ба қавли муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарфи назар аз коҳиши нархи молҳои асосии содиротии Тоҷикистон – алюминий ва нахи пахта, тавозуни савдои кишвар хисорот нахоҳад бардошт. Ҷ.Юсуфов мегӯяд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон низ коҳиш меёбад. «Моҳҳои ахир дар кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид месозанд, нархи маҳсулоти нафт (50 дарсад), зироати ғалладона ва гандум ба поин рафт ва ҳамин тариқ, тавозуни пардохти ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ мемонад», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...