Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз $4 млрд. 300 миллионро ташкил дод

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ беш аз 4 млрд. 300 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 дарсад зиёдтар аст.   Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ беш аз 4 млрд. 300 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 дарсад зиёдтар аст.

 







Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, он ба $1млрд. 640 миллион баробар шудааст.



Содироти мол ба $1 млрд. 330 млн. млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад коҳиш ёфтааст.



Воридоти мол $2 млрд. 970 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2007

 

ба андозаи 0,8 дарсад афзудааст.



Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 85 давлати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт.



Ба қавли муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфов, сарфи назар аз коҳиши нархи молҳои асосии содиротии Тоҷикистон – алюминий ва нахи пахта, тавозуни савдои кишвар хисорот нахоҳад бардошт. Ҷ.Юсуфов мегӯяд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон низ коҳиш меёбад. «Моҳҳои ахир дар кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид месозанд, нархи маҳсулоти нафт (50 дарсад), зироати ғалладона ва гандум ба поин рафт ва ҳамин тариқ, тавозуни пардохти ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ мемонад», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.