САҲА кормандони Вазорати умури дохилиро бо таҷҳизоти техникии мубориза бо харидуфурӯши одамон таъмин кард

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кормандони Вазорати умури дохилиро бо таҷҳизоти техникии мубориза бо харидуфурӯши одамон таъмин кард. Дар маросими анҷоми тренинги якҳафтаина дар мавзӯи тафтиши ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши одамон ва супурдани асноди таҷҳизоти техникӣ сафири Маркази САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин изҳор дошт, ки ҳарчанд мо дар қарни […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кормандони Вазорати умури дохилиро бо таҷҳизоти техникии мубориза бо харидуфурӯши одамон таъмин кард.




Дар маросими анҷоми тренинги якҳафтаина дар мавзӯи тафтиши ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши одамон ва супурдани асноди таҷҳизоти техникӣ сафири Маркази САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин изҳор дошт, ки ҳарчанд мо дар қарни


XXI


ба сар барем ҳам, нодида гирифтани доман паҳн кардани ҷиноёти харидуфурӯши одамон ғайриимкон аст. «Бархӯрди САҲА ба ин падидаи манфӣ дар он ифода меёбад, ки беҳтар аст аз он ошкоро сухан гуфт ва роҳу воситаҳои ҳалли онро бояд ҷустуҷӯ намуд», – изҳор дошт ӯ.



Ба қавли дипломат, ҳодисаи ғуломфурӯшӣ дар Тоҷикистон решаҳои амиқ дорад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ он нишонаи дурусту оқилона будани ин падидаи манфӣ нест. «Аз ин рӯ, мебояд баҳри бартараф сохтани он тамоми чораҳо андешида шаванд», – гуфт В.Пряхин.



Ҷаноби Пряхин кӯшишу иқдомоти Тоҷикистонро, ки дар ин самт қонун ва барномаи вижаи амал қабул карда, комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо харидуфурӯши одамон таъсис додаву маърӯзачии миллӣ низ оид ба ин масъала таъин кардааст, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.