Миёни халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ русиягиҳо ба мардуми тоҷик аз ҳама камтар эътимод доранд

Date:


          Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –




Тоҷикистон дар рейтинги эътимоди мардуми Русия нисбат ба кишварҳои дигар мақоми 17-умро соҳиб шуд. Дар ин хусус дар гузориши «Маҳфили хирадмандони Русияву Белорус» маълумот дода шудааст.





           

Тибқи маълумоти рейтинг, русиягиҳо бештар ба Осетияи Ҷанубӣ эътимод доранд ва ба ин кишвар 85 баллро лоиқ донистаанд. Белорусҳо 1 балл камтар соҳиб гашта, абхазҳо бо дарёфти 80 балл зинаи саввумро соҳиб гаштаанд.




           

Ғайр аз ин сокинони Русия ҳамчунин ба ҳиндуҳо (55 балл), украиниҳову мардуми Амрикои Лотинӣ (54 балл) низ эътимод изҳор кардаанд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мардуми Русия бештар ба қазоқҳо (49 балл – мақоми 7-ум)) эътимод доранд. Қирғизистон – 40 балл (мақоми 11-ум), Туркманистону Ӯзбекистон – 35 балл гирифтаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо 34 балл дар мақоми охир қарор дорад.



Миёни 22 кишвар сатҳи пасттарин эътимоди русиягиҳо ба гурҷиҳо (13 балл) зоҳир шудааст.



Дар ҳамин ҳол, дар муносибати элитаҳои кишварҳо ба элитаи Русия, элитаи Осетияи Ҷанубӣ ба элитаи Русия эътимоди бештар дошта, элитаи Гурҷистон аз ҳама камтар боварӣ изҳор намудааст. Эътимоди элитаи Тоҷикистон ба Русия 47 баллро ташкил дода, он дар мақоми 8-ум қарор дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...