Миёни халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ русиягиҳо ба мардуми тоҷик аз ҳама камтар эътимод доранд

          Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар рейтинги эътимоди мардуми Русия нисбат ба кишварҳои дигар мақоми 17-умро соҳиб шуд. Дар ин хусус дар гузориши «Маҳфили хирадмандони Русияву Белорус» маълумот дода шудааст.             Тибқи маълумоти рейтинг, русиягиҳо бештар ба Осетияи Ҷанубӣ эътимод доранд ва ба ин кишвар 85 баллро лоиқ донистаанд. Белорусҳо 1 балл […]

Виктория Наумова


          Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –




Тоҷикистон дар рейтинги эътимоди мардуми Русия нисбат ба кишварҳои дигар мақоми 17-умро соҳиб шуд. Дар ин хусус дар гузориши «Маҳфили хирадмандони Русияву Белорус» маълумот дода шудааст.





           

Тибқи маълумоти рейтинг, русиягиҳо бештар ба Осетияи Ҷанубӣ эътимод доранд ва ба ин кишвар 85 баллро лоиқ донистаанд. Белорусҳо 1 балл камтар соҳиб гашта, абхазҳо бо дарёфти 80 балл зинаи саввумро соҳиб гаштаанд.




           

Ғайр аз ин сокинони Русия ҳамчунин ба ҳиндуҳо (55 балл), украиниҳову мардуми Амрикои Лотинӣ (54 балл) низ эътимод изҳор кардаанд. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мардуми Русия бештар ба қазоқҳо (49 балл – мақоми 7-ум)) эътимод доранд. Қирғизистон – 40 балл (мақоми 11-ум), Туркманистону Ӯзбекистон – 35 балл гирифтаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бо 34 балл дар мақоми охир қарор дорад.



Миёни 22 кишвар сатҳи пасттарин эътимоди русиягиҳо ба гурҷиҳо (13 балл) зоҳир шудааст.



Дар ҳамин ҳол, дар муносибати элитаҳои кишварҳо ба элитаи Русия, элитаи Осетияи Ҷанубӣ ба элитаи Русия эътимоди бештар дошта, элитаи Гурҷистон аз ҳама камтар боварӣ изҳор намудааст. Эътимоди элитаи Тоҷикистон ба Русия 47 баллро ташкил дода, он дар мақоми 8-ум қарор дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.