Парлумон мӯҳлати қонунигардонии моликиятро дароз кард

Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ якдилона мӯҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро боз то шаш моҳи дигар дароз карданд. Дар суханронии худ раиси палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ якдилона мӯҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро боз то шаш моҳи дигар дароз карданд.




Дар суханронии худ раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки пешниҳоди мазкур ба парлумон аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст.



Ёдрас мекунем, ки мӯҳлати амали қонуни мазкур бояд 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасид. Акнун он то 1-уми июли соли 2009 дароз карда шуд. «Дароз кардани мӯҳлати амали қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҷиҳати қонунигардонии молу мулкашон имконоту шароити хуб фароҳам хоҳад сохт», – гуфт С.Хайруллоев.




 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк” 16-уми майи соли 2006 қабул гардлида буд. Санади мазкур бо мақсади инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликият, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қабул карда шуда, аз иқдоми истисноии якдафъинаи давлат оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.