Кӯлоб. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 150 нафар сокини Кӯлоб, ки дар шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» пасандоз гузоштаанд, дар бозии лотереяи бонк бахшида ба Соли нав ширкат хоҳанд варзид ва ҷоизаи асосии он мошини сабукрав аст.
Тавре мудири шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи депозитҳои аҳолӣ дар бонк беш аз 4 млн. сомонӣ маблағ гузошта шудааст ва 150 нафар, ки депозиташон на камтар аз 5000 сомонӣ аст, дар бозии лотерея иштирок мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба хадамоти кӯмаки иҷтимоии шаҳри Кӯлоб 2500 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. «Маблағи мазкур баҳри дастгирии қишри аз ҳама бештар осебпазири ҷомеа – пирони танҳову барҷомонда, нафақахӯрон ва маъюбон равона мегардад», – афзуд сарчашма.


