Кишоварзони водии Ҳисор заминҳои киштро пурра аз ғӯзапоя тоза карданд

            Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба суръати шудгор ва тайёр намудани заминҳои кишти пахта вусъат мебахшанд.             Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нақшаи пешбинишудаи 237 ҳазор га дар масоҳати беш аз 154 ҳазор гектар заминҳои кишт корҳои аз ғӯзапоя тоза […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба суръати шудгор ва тайёр намудани заминҳои кишти пахта вусъат мебахшанд.





           

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нақшаи пешбинишудаи 237 ҳазор га дар масоҳати беш аз 154 ҳазор гектар заминҳои кишт корҳои аз ғӯзапоя тоза кардан ба анҷом расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор га бештар аст.




           

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор заминҳои кишти пахта 67,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки ба 28,4 дарсади нақшаи пешбинишуда баробар аст ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. «Дар мавсими имсола ба гузаронидани маҷмӯи корҳои агротехникӣ таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир гардида, аллакай 1,5 ҳазор гектар замин бо нуриҳои минералӣ ғизо дода шуд», – гуфт манбаъ.




           

Мувофиқи маълумоти сарчашма, дар вилояти Суғд – 44 ҳазор (64,2 дарсад) ва Хатлон – 94,9 ҳазор (62,1 дарсад) гектар заминҳои кишт аз ғӯзапоя тоза карда шуданд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин рақам 14,6 ҳазор гектарро ташкил дода, нақша пурра ба иҷро расидааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.