Шабонарӯзи гузашта кормандони милиса ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд

            Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.             Тавре аз вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокини 32-сола ва 21-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт намуданд. […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.





           

Тавре аз вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокини 32-сола ва 21-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт намуданд. Зимни кофтуков аз сумкаи варзишии онҳо ба миқдори 2 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми азназаргузаронии мошини шаҳрванди 59-сола аз сумкаи мусофири он, зани 30-сола ба миқдори 2,5 кило маводи афюн дарёфт ва мусодира карданд. «Ҳангоми кофтукови манзили зисти зан боз 620 грамми дигар чунин мавод дарёфт шуд», – афзуд манбаъ. Бо сабаби идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои ному насаби боздоштшудагон худдорӣ карда шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.