Дар Тоҷикистон шумори гурезагон зиёд мешавад

Date:


Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши шумори гурезагон ба мушоҳида мерасад ва соли ахир шумори онҳо ба 700 нафар афзудааст.




Зимни семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи гурезагон дар ҶТ» директори Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, раиси ТҒД «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Муаттара Ҳайдарова изҳор дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистон асноди байнулмилалии дахлдорро дар ин соҳа ба тасвиб расонида бошад ҳам, масъалаи соҳиб гаштан ба мақоми гуреза дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз комилан роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. «Яке аз мушкилоти умдаи гурезагон дар кишвари мо – таъмини онҳо бо ҷойи корӣ мебошад», – гуфт ӯ.



Бо истинод ба омори расмӣ номбурда зикр кард, ки шумори гурезагон дар ҷумҳурӣ 1700 нафарро ташкил дода, сафи ҷӯяндагони паноҳгоҳ 245 нафар аст. Зикр гардид, ки аз оғози моҳи декабр салоҳияти кор бо гурезагон аз Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират гирифта шуда, ба Вазорати умури дохилӣ вогузор гашт.



Тибқи маълумоти манбаъ, гурезагони Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Ироқ ва давлатҳои Африқо мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...