Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –
Рӯзи гузашта дар шаҳри Кобул мулоқоти муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карим Халилӣ бо сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар Афғонистон – Шарофиддин Имомов доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати умумри хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳоти мухталиф, аз ҷумла тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот таваҷҷӯҳи махсус ба тарҳи бунёди хатти нави роҳи оҳани Афғонистон – Тоҷикистон – Эрон дода шуд. Ёдовар мешавем, масъалаи сохтмони роҳи оҳан, ки ин се кишвари форсизабонро бо ҳам пайванд хоҳад кард, инак ду сол мешавад, ки аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯҳои мақомоти кишварҳо ба ҳисоб меравад.


