Вазорати умури дохилӣ фарзандони кормандони ҳалокшударо қадр мекунад

Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ барои 300 нафар фарзандони кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳангоми адои хизмат ба ҳалокат расидаанд, арчаи солинавӣ баргузор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар доданд, дар чорабинии солинавӣ вохӯрии кӯдакон бо Бобои Барфӣ ва […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ барои 300 нафар фарзандони кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳангоми адои хизмат ба ҳалокат расидаанд, арчаи солинавӣ баргузор карда шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар доданд, дар чорабинии солинавӣ вохӯрии кӯдакон бо Бобои Барфӣ ва Барфак ташкил гардида, дастурхони идона ороста шуд ва ба ҳамаи иштирокчиёни хурдсол тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

 




Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, алъон дар ҷумҳурӣ 550 нафар кӯдаконе ба сар мебаранд, ки волидонашон ҳангоми адои хизмат дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расидаанд. Аз соли 1990 ба ин сӯ ҳангоми иҷрои вазоифи хидматӣ наздики 2 ҳазор корманди милиса ҷони худро аз даст додааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.