Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» гардиданд

Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол»» гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии кишвар хабар доданд, соли ҷорӣ бемористонҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритӯс, Восеъ ва Данғараи вилояти Хатлон, инчунин беморхонаҳои марказии навоҳии Шаҳристону Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд ба гирифтани […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол»» гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии кишвар хабар доданд, соли ҷорӣ бемористонҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритӯс, Восеъ ва Данғараи вилояти Хатлон, инчунин беморхонаҳои марказии навоҳии Шаҳристону Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд ба гирифтани ин сертификат муваффақ шуданд. Ба қавли манбаъ, моҳи декабри соли равон ба бемористонҳои марказии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Спитамен, Ваҳдат барои дуввумин бор тасдиқномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» супорида шуд.



«Феълан 37 бемористони ҷумҳурӣ дорои чунин сертификати ҷаҳонӣ мебошанд», – гуфт манбаъ. Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошти мамлакат, соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон расман 170 ҳазор тифли навзод ба қайд гирифта шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.