Шумори қурбониёни зарбаҳои Исроил то 310 нафар расид

            Душанбе. 29-уми декабр – Намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин Муавия Ҳасанен ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки шумори қурбониёни зарбаҳои Исроил то 310 нафар расидааст.             Ба гуфтаи ӯ, шумораи захмиён 1430 нафарро ташкил дода, беш аз 100 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Шаби гузашта ҳавопаймоҳои Исроил дар давоми як шабонарӯз ба […]

РИА Новости





           

Душанбе. 29-уми декабр – Намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин Муавия Ҳасанен ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки шумори қурбониёни зарбаҳои Исроил то 310 нафар расидааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, шумораи захмиён 1430 нафарро ташкил дода, беш аз 100 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Шаби гузашта ҳавопаймоҳои Исроил дар давоми як шабонарӯз ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ тақрибан 25 маротиба ҳамла оварданд.

 





           

Онҳо дафъаи охир ба бинои маъмурияти созмон, маркази ҳарорату барқидиҳанда ва масҷид бомба партофтанд. Мақомоти Исроил хабар медиҳанд, ки

 

ҳадафи амалиёт дар воҳаи Ғаззаҳ пешгирии

 

паррондани гулӯлаҳои реактивӣ аз ҷониби силоҳбадастони фаластинӣ ба қаламрави мамлакат мебошад. Вазири мудофиаи Исроил Эхуд Барак 27 декабр ба хабарнигорон гуфт, ки

 

дар мавриди зарурат қисмҳои ҳарбӣ

 

ба воҳаи Ғаззаҳ дохил карда мешаванд.



Рузи якшанбе Исроил 6 ҳазор нафар афроди қобили хидматро, ки захира ё резервист дониста мешуданд, ба аскарӣ ҷалб кард.



Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил гуфт, агар ҳамлаҳои мушакӣ аз хоки Фаластин хотима наёбад, амалиёти заминиро оғоз хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.