Соли ҷорӣ нархи гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 240 $ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд

Date:



           

Душанбе. 3-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар соли 2009 нархи гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 240 $ барои ҳазор метри мукааб муқаррар шуд. Чанде қабл дар ин хусус миёни КВД «Тоҷикгаз» ва ширкати саҳомии «Узтрансгаз» қарордод ба имзо расид.





           

Тавре директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарордод дар соли 2009 Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 530 млн. мтри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард. «Аввал ҷониби Ӯзбекистон арзиши газро 300 $ муқаррар кард, вале дар натиҷаи гуфтушунидҳо мо тавонистем ба он муваффақ гардем, ки нархи он ба миқдори 60 $ камтар карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Қобили зикр аст, ки соли 2008 ҷумҳурии мо аз Ӯзбекистон газро бо арзиши 145 $ барои 1000 метри мукааб ворид месохт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...