Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба сандуқи хайрияе, ки ҷиҳати кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил намуд, то имрӯз ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ (наздик ба 8,5 ҳазор $) ворид гаштааст.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми декабр дар дафтари кории ҳизб нисбат ба ҳамалоти низомии Исроил бар Фаластин ва ба ҳалокат расидани шумори зиёди фаластиниён ҳамоиши дохилиҳизбии эътирозӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амали Исроилро «ҷинояткорона» арзёбӣ намудааст. Дар ҳамоиш қатънома қабул гардид, ки дар он амали Исроил нисбати фаластиниён маҳкум карда мешавад.
ҲНИТ аз давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати минбаъд идома ёфтани ҳамлаҳои низомӣ ба Фаластин аз ҷониби Исроил ба мардуми мусалмони кишвар иҷозат бидиҳад, намоиши эътирозие дар шаҳри Душанбе доир созанд.


