Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи фанҳои дақиқ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд

            Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимпиадаи ҳарсола оид ба фанҳои математика, физика ва информатика рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Алммато оғоз мегардад.             Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар он ҳудуди 80 дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.             Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимпиадаи ҳарсола оид ба фанҳои математика, физика ва информатика рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Алммато оғоз мегардад.





           

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар он ҳудуди 80 дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.




           

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ хонандагони синфҳои 9-11-и гимназия-интернат барои кӯдакони лаёқатманди «Ҳотам-ПВ» намояндагӣ хоҳанд кард.




 

«Олимҷони Пирмуҳаммад, Муҳаммадҷон Шоев, Шоҳин Саъдуллоев, Ҷаҳонгир Рустамзода, Шамсиддин Кабиров, Беҳрӯз Афзалӣ ва Қобил Ҳақназаров аз зумраи хонандагоне мебошанд, ки кишвари моро дар олимпиада муаррифӣ хоҳанд кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар олимпиада инчунин дастаҳои муштараки се литсейи туркиву тоҷикӣ низ ширкат хоҳанд варзид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер