Ба ҳукумати Тоҷикистон кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайриоддӣ заруранд, – назари коршинос

            Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» коршинос Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ворид гаштани кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайримеъёрӣ талаби даврау замон аст. «Ман бар чунин назарам, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир мегардад, сарвазири кишвар – Оқил Оқиловро ба […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» коршинос Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ворид гаштани кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайримеъёрӣ талаби даврау замон аст. «Ман бар чунин назарам, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир мегардад, сарвазири кишвар – Оқил Оқиловро ба нафақа гусел намуда, дигар ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ҳайати ҳукумат сурат нахоҳад гирифт», – мегӯяд коршинос.





           

Тибқи пешгӯиҳои Ф.Саидов, ба мансабҳои муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, кишвоарзӣ ва молия шахсони нав таъин карда мешаванд. «Бӯҳрони кунунии молӣ тақозо дорад, ки ба сохтори иқтисодии кишвар бояд кадрҳои дорои андешаи ғайримеъёрӣ ворид гарданд», – изҳор дошт ӯ.




           

Ба назари Ф.Саидов, ба вазифаи сарвазир мутахассиси ҷавони соҳаҳои иқтисод, молия ва комплекси агросаноатӣ таъин шуда метавонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.