ҲНИТ барои кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин сандуқи хайрия таъсис дод

            Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба сандуқи хайрияе, ки ҷиҳати кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил намуд, то имрӯз ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ (наздик ба 8,5 ҳазор $) ворид гаштааст.             Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми декабр дар дафтари кории ҳизб нисбат ба ҳамалоти низомии Исроил бар Фаластин […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба сандуқи хайрияе, ки ҷиҳати кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил намуд, то имрӯз ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ (наздик ба 8,5 ҳазор $) ворид гаштааст.





           

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми декабр дар дафтари кории ҳизб нисбат ба ҳамалоти низомии Исроил бар Фаластин ва ба ҳалокат расидани шумори зиёди фаластиниён ҳамоиши дохилиҳизбии эътирозӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.




           

Зимни суханронӣ дар ҳамоиш раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амали Исроилро «ҷинояткорона» арзёбӣ намудааст. Дар ҳамоиш қатънома қабул гардид, ки дар он амали Исроил нисбати фаластиниён маҳкум карда мешавад.




           

ҲНИТ аз давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати минбаъд идома ёфтани ҳамлаҳои низомӣ ба Фаластин аз ҷониби Исроил ба мардуми мусалмони кишвар иҷозат бидиҳад, намоиши эътирозие дар шаҳри Душанбе доир созанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.