Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 муайян карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсия Муҳаммадҷон Тоштемиров хабар дод, ҷоизаи асосии ба номи Мутеъулло Наҷмиддинов ба се рӯзноманигор – сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло барои силсилаи маводи публитсистӣ дар мавзӯи коррупсия ва озодии баён, директори шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» Зиннатуллои Исмоил барои силсилаи мавод дар мавзӯи иқтисод ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Курер Таджикистана» Владимир Фролов барои маводи публитсистӣ дар мавзӯи ҳамкориву дӯстии мардуми Тоҷикистону Русия супорида мешавад.
Ба гуфтаи Тоштемиров, озмуни мазкурро аз ҷиҳати молиявӣ сафорати Русия дар Тоҷикистон дастгирӣ кардааст. Барандагони ҷоиза ҳар кадоме ба маблағи 800 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.
Қобили зикр аст, ки барандагони нахустини ҷоизаи мазкур рӯзноманигорон Бахтиёри Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷабборов, Владимир Воробёв ва Ҷӯрақул Аҷибов гардида буданд. Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2007 таъсис дода шудааст.


