Агентии обуҳавошиносӣ: Зимистони имсола сербарфу начандон сард хоҳад шуд

              Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола сербарф меояд, вале начандон сард хоҳад шуд.             Тавре муовини директори агентӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои аввалин бор дар таърихи агентии обуҳавосанҷии кишвар пешгӯии мавсимӣ ба зимистони имсола омода гардида, он ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. […]

Мавҷуда Ҳасанова


 



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола сербарф меояд, вале начандон сард хоҳад шуд.





           

Тавре муовини директори агентӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои аввалин бор дар таърихи агентии обуҳавосанҷии кишвар пешгӯии мавсимӣ ба зимистони имсола омода гардида, он ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.




 


 


 


        

Ба қавли ӯ, мувофиқи пешгӯии мавсимии омодашуда, зимистони имсола чун зимистони соли гузашта сард нахоҳад буд, баръакс, ҳарорат 1-2 дараҷа гармтар аз ҳарорати зимистони маъмулӣ дар Тоҷикистон мешавад. «Ҳарорати пасттарин то 12 дараҷа сардӣ шуда метавонад, вале бориши зиёд дар назар дошта шуда, барфи навбатӣ рӯзҳои 10-11-уми январ пешбинӣ мешавад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда зикр кард, ки дар омодасозии пешгӯии мавсимӣ ба онҳо мутахассисони маркази гидрометереологии Русия кӯмак кардаанд. Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо суперкомпютер муҷаҳҳаз буда, қодир аст дар як сония то миллиард амалиёт анҷом диҳад. «Пешгӯии мавсимии омоданамудаи мо иқдоми нахустин буда, он машваративу омӯзишӣ аст ва 7 рӯзи аввали пешгӯӣ то ба 95-99 дарсад мувофиқу дуруст меоянд, вале пешгӯии минбаъда мумкин аст ба 50-60 дарсад мувофиқ ояд», – изҳор дошт М.Сафаров.




           

Муовини директори агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки мутахассисони тоҷик дар маркази «Росгидромет»-и Русия таҷриба омӯхтанд ва кунун таҷрибаи андӯхтаро дар Тоҷикистон истифода мебаранд. «Агентӣ ният дорад, ахири моҳи феврал пешгӯии мавсимӣ ба фасли баҳорро омода созад», – гуфт дар анҷом М.Сафаров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.