Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи қочоқбарони афғон нобуд карда шуд

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона се шаҳрванди афғон ба ҳалокат расиданд. Онҳоро Нозукмеҳр валади Вакил Акбар – сокини […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.




Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона се шаҳрванди афғон ба ҳалокат расиданд. Онҳоро Нозукмеҳр валади Вакил Акбар – сокини шаҳри Имом Соҳиб Сӯфӣ роҳбарӣ мекардааст. «Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон гурӯҳи мазкур тайи муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, дар макони задухӯрд 22 кило маводи мухаддири иборат аз 14 кило ҳероин, 4 кило афюн, 4 кило ҳашиш ва автомати навъи Калашников дарёфт шудааст. Миёни марзбонони тоҷик касе зарар надидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.