Бонкҳо овозаҳои норасоии пули нақд дар банкоматҳоро рад мекунанд

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз нигаронии аҳолии ҷумҳурӣ бинобар норасоии шадиди пули нақд дар банкоматҳо, бонкҳои Тоҷикистон ҷой доштани чунин мушкилотро рад месозанд. Тавре раиси маркази робита бо ҷомеа ва рекломи ҶСК «Агроинвестбонк» Исматулло Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳамаи ин овозаҳо буда, онро бонкҳои рақиб паҳн мекунанд». «Ахири соли […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз нигаронии аҳолии ҷумҳурӣ бинобар норасоии шадиди пули нақд дар банкоматҳо, бонкҳои Тоҷикистон ҷой доштани чунин мушкилотро рад месозанд.




Тавре раиси маркази робита бо ҷомеа ва рекломи ҶСК «Агроинвестбонк» Исматулло Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳамаи ин овозаҳо буда, онро бонкҳои рақиб паҳн мекунанд». «Ахири соли гузашта ба иллати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба шарикони мо дар кишварҳои дигар чунин мушкилот ҷой дошт ва муштариёнро лозим омад, барои гирифтани пули нақд чаҳор рӯз сабр кунанд, вале феълан ин мушкилот пурра роҳи ҳалли худро ёфтааст ва дар ҳамаи 51 адад банкоматҳои бонк дар кишвар айни замон ба қадри кофӣ пули нақд ҳам бо доллари амрикоӣ ва ҳам бо сомонӣ мавҷуд аст», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, муштариёни бонк бемалол метавонанд барои пардохти маблағ дар 59 нуқтаи фурӯш, ки терминалҳои бонк мавҷуданд, аз корти плостикӣ тавассути пардохти ғайринақдӣ истифода намоянд.



Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти матбуоти бонки тиҷоратии дигар – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Қурбон Восиев низ изҳор дошт, ки ҳақиқатан ахири соли гузашта чуни мушкилот рӯи кор омад, вале он муваққатӣ буда, айни замон пурра ҳал шудааст.



Ба қавли Қ.Восиев, он замон ба иллати овозаҳои бардурӯғи наздик омадани бӯҳрони молиявӣ ва хонабардӯш шудани бонкҳои кишвар ва ҳамчунин наздикшавии соли нав бо сабабҳои маълум ба аҳолӣ пули нақд бештар лозим шуд ва кормандони бонк на ҳама вақт имкон доштанд, банкоматҳоро бо пули нақд тъмин созанд. «Имрӯз пас аз гузашти ид мардум эътимод ҳосил кард, ки ба бонки мо муфлисшавӣ таҳдид намекунад ва банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк» ба таври маъмуливу мунтазам кор мекунанд», – афзуд ӯ.



Чунин овозаҳои норасоии пули нақдро дар ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» низ рад сохтанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.