Биржаи меҳнати ҷавонон 400 нафарро бо ҷойи корӣ дар Русия таъмин намуд

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонони нази Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои русиягӣ доир ба таъмини 400 нафар коргарони мавсимӣ бо ҷойи кор дар Русия қарордод баст. Тавре муовини директори муҳоҷирати хориҷии биржаи мазкур Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи қарордод, 250 нафар ба кори мавсимӣ ба […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Биржаи меҳнати ҷавонони нази Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои русиягӣ доир ба таъмини 400 нафар коргарони мавсимӣ бо ҷойи кор дар Русия қарордод баст.




Тавре муовини директори муҳоҷирати хориҷии биржаи мазкур Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи қарордод, 250 нафар ба кори мавсимӣ ба совхози Каповкаи вилояти Волгоград сафарбар хоҳанд шуд, ки музди меҳнаташон 450-600 $ аст. Боз 150 нафари боқимонда дар ширкати агрохолдингии «Бунятина»-и шаҳри Дмитриево машғули кори мавсимӣ гардида, ба ҳисоби миёна аз 500 то 700 $ маош хоҳанд гирифт.



А.Кабудов зикр кард, ки кор асосан ба таври қонунӣ ба шахсони аз 25 то 40-сола пешниҳод гардида, пардохти роҳкиро аз ҷониби ширкати корфармои русиягӣ амалӣ мешавад ва коргарон бо хобгоҳи дорои тамоми шароит таъмин хоҳанд шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.