Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунад

            Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он аз фаъолият дар соли сипаригашта натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян карда хоҳанд шуд.             Тавре котиби матбуотии вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара беш аз 300 […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он аз фаъолият дар соли сипаригашта натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян карда хоҳанд шуд.





           

Тавре котиби матбуотии вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара беш аз 300 корманди соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарони шӯъбаву раёсатҳо ва сарварони чанде аз муассисаҳои таълимӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.




           

Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози ҷаласа дар бинои вазорати маориф намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои маориф дар соли 2008 доир мегардад.




           

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ буҷаи соҳаи маорифи кишварро барои соли 2009 дар ҳаҷми 1 млрд. 139 млн. 446 ҳазор сомонӣ тасдиқ кард, ки он нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин қариб ду баробар зиёдтар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.