Сафири Фаронса: Ман ба Париж собит сохтам, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мавқеъи хос дорад

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар То ҷ икистон Оливе Метленд Пеленро бинобар ан ҷ ом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Пас аз анҷоми мулоқот бо сарвари давлат сафир изҳор дошт, ки ба туфайли дастгирии президенти мамлакат […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар То


ҷ


икистон Оливе Метленд Пеленро бинобар ан


ҷ


ом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.




Пас аз анҷоми мулоқот бо сарвари давлат сафир изҳор дошт, ки ба туфайли дастгирии президенти мамлакат ба ӯ муяссар шудааст, ки рисолати худро муваффақона анҷом дода, собит созад, ки Тоҷикистон дар минтақаи Омсиёи Марказӣ аз ҷиҳати стратегӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мавқеъи хосеро дорост.



Ба гуфтаи сафири Фаронса, зимни мулоқоти яксоата бо сарвари давлат ба ҷуз масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, вазъи Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирфтааст. «Ҳамаи рӯйдоди рухдода дар Афғонистон ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад ва рӯди Панҷ ин ҷо садду монеъа ё марз шуда наметавонад», – гуфт ӯ.



«Дар сӯҳбати имрӯза Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон танҳо бо роҳи баргузории амалиёти низомӣ ғайриимкон аст ва он тавассути ҳалли маҷмӯи мушкилоти мавҷуда, шурӯъ аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ имконпазир аст, ки ман онро пурра ҷонибдорӣ менамоям», – гуфт ӯ.



Ӯ ҳамчунин таъкид сохт, ки тибқи иттилои президент, дар фурсати наздик дар Париж сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад. «Мо бесаброна интизори сафири нахустини халқи бузурги тоҷик дар Фаронса хоҳем буд», – афзуд Оливе Метленд Пелен.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.